Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ ба андозаи 75% иҷро шуд

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба андозаи 74% ба иҷро расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев иттилоъ дод, нақшаи даъват дар ноҳияҳои Шаҳристону Зафарободи вилояти Суғд, шаҳри Норак, ноҳияҳои Носири Хусраву Темурмалики вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Ванҷу Шуғнон ва Мурғоби ВМКБ […]

Аваз Юлдошев


Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба андозаи 74% ба иҷро расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев иттилоъ дод, нақшаи даъват дар ноҳияҳои Шаҳристону Зафарободи вилояти Суғд, шаҳри Норак, ноҳияҳои Носири Хусраву Темурмалики вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Ванҷу Шуғнон ва Мурғоби ВМКБ пурра ба иҷро расидааст.

Ба гуфтаи ӯ, нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Хатлон ба андозаи 81,6, ВМКБ – 90,9, Суғд – 72,3, ноҳияҳои тобеи марказ – 66,7 ва шаҳри Душанбе – 58,2% иҷро шудааст.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон санаи 1-уми октябр оғоз ёфта, то 30-юми ноябри соли равон идома меёбад. Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи кишвар, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои ба таъхир гузоштан ё озод будан аз хизмат ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор доранд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.