Рондани 57 нафармуҳоҷирони корӣ аз Русия дар зарфи панҷ рӯз

Дар зарфи панҷ рӯз (11-16-уми ноябр) аз Русия ба Тоҷикистон 57 нафар муҳоҷирони кории тоҷик, аз ҷумла 14 нафар мутобиқи қарори додгоҳ барои риоя накардани реҷаи будубош дар қаламрави Русия, ба ватан фиристода шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати назорати муҳоҷирати Хадамоти муҳоҷирати назди президенти Тоҷикистон Сафарбек Тоҳиров хабар дод, азт ин шумор […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар зарфи панҷ рӯз (11-16-уми ноябр) аз Русия ба Тоҷикистон 57 нафар муҳоҷирони кории тоҷик, аз ҷумла 14 нафар мутобиқи қарори додгоҳ барои риоя накардани реҷаи будубош дар қаламрави Русия, ба ватан фиристода шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Раёсати назорати муҳоҷирати Хадамоти муҳоҷирати назди президенти Тоҷикистон Сафарбек Тоҳиров хабар дод, азт ин шумор ду нафар тариқи қатора ба вилояти Суғд ва ду нафари дигар тавассути ҳавоаймо ба ватан баргашта, ба 43 нафари боқимонда иҷозати вуруд ба қаламрави Русия дода нашудааст.

«Аксари шаҳрвандони мо бинобар сабти ном надоштан, такроран даст задан ба ҷиноёти маъмурӣ аз Русия ронда мешаванд», – гуфт ӯ.

Номбурда хотирнишон сохт, ки аз 8 то 11-уми ноябр  мутобиқи қарори судҳо 13 нафар шаҳрвандони тоҷик аз Русия ба ватан истирдод шуданд. «Сабаби аслии рондани онҳо риоя накардан қоидаҳои будубош дар қаламрави Русия мебошад», – афзуд Тоҳиров.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ, айни замон дар қаламрави Русия 1 млн. 32 ҳазору 620 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон будубош доранд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.