Душанбе. 15-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс»- Дар таърихи 19-уми декабр дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон дар робита ба масъалаи пардохи қарз ва таъмини рушди устуори хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ семинари иттилоотӣ баргузор мешавад.
Тавре аз Вазорати кошоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чорабинӣ бо ташаббуси муассисаи давлатии «Маркази ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди пахтакорӣ» созмон дода шуда, дар он оид ба ин масъалаи муҳим маърӯзаҳои директор марказ М.Шералиев ва номзади улуми кишоварзӣ Ш.Сафаров мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Ғайр аз ин, атрофи ин масъала пешниҳодҳои раҳбарони ҷамоат ва хоҷагиҳои ноҳияи Восеъ низ ба инобат гирифта хоҳанд шуд.
Дар кори семинар намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, мақомоти раҳбарӣ ва коршиносони бахши пахтакории вилояти Хатлон ширкат хоҳанд варзид.



