Боздошти нашъафурӯши навбатӣ дар Душанбе

Date:


Кормандони ниҳодҳои интизомии ҷумҳурӣ фаъолияти боз як тарёкхонаро қатъ карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде қабл зимни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ сокини 31-солаи шаҳри Душанбе А.С. боздошт шуд, ки дар манзили зисташ воқеъ дар канори шаҳри Душанбе нашъамандонро қабул кардаву ба онҳо маводи мухаддир мефурӯхтааст. «Ҳангоми боздошт дар манзили зисти ӯ шаш нафар, аз ҷумла ду нафар занон ҳузур доштанд, ки қаблан маҳкум шуда буданд. Ҳамаи онҳо аз истеъмоли маводи мухаддир дар ҳолати сархушӣ қарор доштанд», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳангоми кофтукови манзили зист аз он ҷо чор адад сӯзандору бо боқимондаҳои маводи мухаддири навъи сахттаъсири героин дарёфт шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбат ба соҳибхона, ки дар манзилаш тарёкхона ташкил кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, айни замон дар дармонгоҳи табобати бемории нашъамандӣ расман 6,7 ҳазор нафар мубталоёни бемории нашъамандӣ ба қайд гирифта шудаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...