Боздошти нашъафурӯши навбатӣ дар Душанбе

Кормандони ниҳодҳои интизомии ҷумҳурӣ фаъолияти боз як тарёкхонаро қатъ карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде қабл зимни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ сокини 31-солаи шаҳри Душанбе А.С. боздошт шуд, ки дар манзили зисташ воқеъ дар канори шаҳри Душанбе нашъамандонро қабул кардаву ба онҳо маводи мухаддир мефурӯхтааст. «Ҳангоми боздошт дар манзили зисти […]

Наргис Ҳамробоева


Кормандони ниҳодҳои интизомии ҷумҳурӣ фаъолияти боз як тарёкхонаро қатъ карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде қабл зимни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ сокини 31-солаи шаҳри Душанбе А.С. боздошт шуд, ки дар манзили зисташ воқеъ дар канори шаҳри Душанбе нашъамандонро қабул кардаву ба онҳо маводи мухаддир мефурӯхтааст. «Ҳангоми боздошт дар манзили зисти ӯ шаш нафар, аз ҷумла ду нафар занон ҳузур доштанд, ки қаблан маҳкум шуда буданд. Ҳамаи онҳо аз истеъмоли маводи мухаддир дар ҳолати сархушӣ қарор доштанд», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳангоми кофтукови манзили зист аз он ҷо чор адад сӯзандору бо боқимондаҳои маводи мухаддири навъи сахттаъсири героин дарёфт шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбат ба соҳибхона, ки дар манзилаш тарёкхона ташкил кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, айни замон дар дармонгоҳи табобати бемории нашъамандӣ расман 6,7 ҳазор нафар мубталоёни бемории нашъамандӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.