Имрӯз сафорати ИМА бо намоишгоҳи таҳсилотӣ Ҳафтаи байналхалқии таҳсил 2011-ро дар Тоҷикистон оғоз менамояд.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, Ташкилотҳои гуногуни таҳсилӣ, аз ҷумла Шӯроҳои амрикоӣ (ACCELS), Таҳсил ИМА (Education USA), Шӯрои Байналмиллалии Таҳқиқот ва Табодул (IREX), Институти Ҷамъияти Кушода (OSI), Маркази фарҳангии Бохтар, барномаи Иттиҳоди Аврупо Tempus, созмони олмонии DAAD, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA), Барномаи инсоншиносии Оғохон (AKHP), гӯшаҳои Амрико ва Мултикид дар ин маросим иштирок мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, ин ташкилотҳо оид ба барномаҳои таҳсилии худ маълумот медиҳанд, варақаҳои иттилоотиро пахш мекунанд ва ҳозири ҷавоб ба саволҳо мешаванд. Намоишгоҳи таҳсилотӣ ин як имконияти ҳаяҷоновар барои пайдо кардани маълумот оид ба таҳсил дар Иёлоти Муттаҳида, барномаҳои мубодила ва дигар имкониятҳои таҳсили байналхалқӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар Ҳафтаи байналхалқии таҳсил 2011 манфиатҳои таҳсили байналмиллалӣ ва барномаҳои мубодила ҷашн гирифта мешавад. Таҳсил ва мубодилаи таҳсилӣ барои рушди ҳамдигарфаҳмии дутарафа ва сармоягузорӣ ба равобити ояндаи байни мардуми Амрико ва ҷаҳон хеле муҳим аст.