Соли равон дар Кӯлоб 146 иншооти нав бунёд гардид

Соли равон дар шаҳри Кӯлоб 146 иншооти нав, аз ҷумла 8 иншооти таъиноти истеҳсолӣ, 7 иншоот дар соҳаи маориф ва 9 иншоот дар бахши тандурустӣ бунёд гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармеъмори шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов хабар дод, дар бахшҳои фарҳангу варзиш ва тиҷорату хӯроки умумӣ низ иншооти нав мавриди истифода қарор гирифта, дар ин […]

Турко Дикаев


Соли равон дар шаҳри Кӯлоб 146 иншооти нав, аз ҷумла 8 иншооти таъиноти истеҳсолӣ, 7 иншоот дар соҳаи маориф ва 9 иншоот дар бахши тандурустӣ бунёд гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармеъмори шаҳри Кӯлоб Озодӣ Ҳасанов хабар дод, дар бахшҳои фарҳангу варзиш ва тиҷорату хӯроки умумӣ низ иншооти нав мавриди истифода қарор гирифта, дар ин давра 11 бинои маъмурӣ қомат афрохтанд.

«Ба сохтмони манзили зист таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, танҳо дар 11 микрорайонҳои шаҳри Кӯлоб 1677 биноҳои истиқоматӣ сохта шудаанд ё сохтмонашон идома дорад», – гуфт ӯ.

Ҳамзамон сармеъмори шаҳр зикр кард, ки соли равон дар ноҳияи Кӯлоб низ баҳри сохтмони манзили зист дар 4 ҷамоати ноҳия 289,87 гектар қитъаи замин ҷудо гардидааст. «Дар ноҳия 1950 оила ба сохтмони манзили зист оғоз кардаанд ё дар фурсати наздиктарин ба он шурӯъ хоҳанд кард», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.