Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо паҳн намудани як баёния гуфтааст, ки маълумоти баъзе аз расонаҳои хабарӣ марбут ба кушода шудани ҳамаи гузаргоҳҳои марзӣ байни Тоҷикистону Ӯзбакистон асоси воқеӣ надорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати мазкур хабар доданд, гузаргоҳҳои марзии «Навбунёд», «Ӯротеппа», «Қӯштегирмон», «Ҳавотоғ» ва «Бародарӣ» тибқи реҷаи қаблӣ амал мекунанд, вале дар баробари ин гузаргоҳҳои сарҳадии «Айвоҷ», «Фотеҳобод», «Работ», «Саразм», «Ҳаштяк» ва «Зафаробод» барои рафтуомади шаҳрвандон баста аст.
Ба гуфтаи манбаъ, ҷониби Ӯзбакистон бидуни баёни сабаб ин гузаргоҳҳоро то ҳанӯз накушодааст. Сарчашма ҳамчунин гуфт, ки ин барои бори аввал нест, ки мақомоти ӯзбак реҷаи муқарраргардидаро бидуни шарҳи сабаб вайрон мекунанд.




