spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Баррасии оқибатҳои ҷорисозии андози аксизӣ ба хизматгузориҳои интернет-провайдерҳо


Дар мизи гирде, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, масъалаи аз ҷониби Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ ҷорӣ кардани андози аксизӣ барои хизматгузориҳои интернет-провайдерҳо ва оқибатҳои ин қарор баррасӣ мешавад.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Ассотсиатсияи интернет-провайдерони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Маркази бозори озод» ( Центр свободного рынка) созмон дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон мақомоти андози ҷумҳурӣ андози сефоизаи аксизӣ барои хизматгузориҳои интернет-провайдеронро ҷорӣ сохт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Ассотсиатсияи интернет-провайдерони ҶТ Парвина Ибодова хабар дод, ин амал барои аъзои Ассотсиатсия ногаҳонӣ набуд, зеро аз моҳи январи соли равон андози сефоизаи аксизӣ аз истифодаи телефонҳои мобилӣ ё ҳамроҳ ҷорӣ гардид ва инро чашмдор шудан мумкин буд.

«Чанде пеш мо огоҳ гардидем, ки дар дастури Кумитаи андоз, ки дар Вазорати адлия аз ташхис гузаштааст, гуфта мешавад, ба алоқаи мобилӣ, ки ба он интернет, IP-телефония ва як қатор хизматгузориҳои дигар дохил мешаванд, аксиз баста мешавад. Маълум шуд, ки ин дастур ҳанӯз санаи 1-уми январи соли 2011 тасдиқ шуда будааст», – гуфт вай.

Ибодова зикр кард, ки аввали сол ҳангоми ҷорӣ кардани аксиз ба алоқаи мобилӣ Иттиҳодияи интернет-провайдерони Тоҷикистон ба Кумитаи андоз нома навишта, дархост кардааст, ки оё ин андоз ба интернет-провайдерон низ дахл дорад ё на.

«Дар ҷараёни мукотиба мо огоҳ гардидем, ки чунин дастур мавҷуд аст, – таъкид сохт ӯ. – Ҳамчунин як қатор аъзои ассотсиатсияи мо мавриди санҷиш қарор гирифта, онҳоро ӯҳдадор кардаанд, ки андози аксизиро пардохт намоянд».

Ба қавли Ибодова, чанде қабл Ассостсиатсияи интернет-провайдерон аз Кумитаи андоз посухи расмӣ гирифтааст. «Вале аз он мо қаноатманд нестем, – мегӯяд ӯ. – Аз ин рӯ, дастурро аз лиҳози ҳуқуқӣ мавриди таҳлил қарор дода, ба Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрӣ мутобиқат кардани онро муайян менамоем».

Ассотсиатсия ҳамчунин ният дорад, ки ба дигар мақомот то парлумон ва дастгоҳи сарвари давлат низ муроҷиат намояд.

Ба андешаи Ибодова, андози аксизӣ аз даромади операторон ва провайдерҳо пардохта нашуда, ба дӯши истифодабарандагони хизматгузориҳои интернет вогузор мегардад.

«Ин бошад, боз ба болоравии нархҳо, ба вуҷуд омадани мушкилот бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ боис мегардад», – гуфт раиси ассотсиатсия ва афзуд, ки «ин ягона соҳа дар Тоҷикистон аст, ки хуб рушд мекунад ва мутаассифона, чунин чораҳо метавонанд ба рушди он монеъа эҷод созанд».

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...