Оғози нишастҳои матбуотӣ дар вилояти Суғд

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо, муассисаҳо ва макотиби олии вилоят, ки Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода тасдиқ намудааст, аз санаи 9 январи соли равон нишастҳои матбуотӣ оғоз гардиданд. Тавре аз хадамоти […]

ASIA-Plus


Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо, муассисаҳо ва макотиби олии вилоят, ки Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода тасдиқ намудааст, аз санаи 9 январи соли равон нишастҳои матбуотӣ оғоз гардиданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, нишасти матбуотӣ дар Раёсати иттифоқи матлуботи вилоят бо иштироки доираи васеъи кормандони ВАО-и вилоятиву ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар назар аст, ки соли равон аксари нишастҳои матбуотӣ дар толори конфронсии Кохи навбунёди матбуот доир мегарданд, зеро дар ин толор шароитҳои мувофиқ ба талаботҳои стандарти давлатӣ муҳайё гардида, аксари идораҳои ВАО-и вилоятиву ҷумҳуриявӣ дар ин бинои мӯҳташам ҷойгир шудаанд.

Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ санаи 13 январи соли равон баргузор хоҳад гашт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.