Ноболиғ ба қатли Парвиз Давлатбеков иқрор шуд

Тафтиши парвандаи ҷиноӣ оид ба далели куштори сокини 24-солаи пойтахт Парвиз Давлатбеков дар арафаи анҷомёбӣ буда, ба наздикӣ ба додгоҳ ирсол мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, Парвиз Давлатбеков шоми рӯзи 31-уми декабр бо сарулибоси Бобои барфӣ наздикону хешовандонашро бо Соли нав табрик карданӣ буд, вале дар натиҷаи ҷанҷол […]

Наргис Ҳамробоева


Тафтиши парвандаи ҷиноӣ оид ба далели куштори сокини 24-солаи пойтахт Парвиз Давлатбеков дар арафаи анҷомёбӣ буда, ба наздикӣ ба додгоҳ ирсол мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, Парвиз Давлатбеков шоми рӯзи 31-уми декабр бо сарулибоси Бобои барфӣ наздикону хешовандонашро бо Соли нав табрик карданӣ буд, вале дар натиҷаи ҷанҷол аз зарбаҳои корд ҷароҳат бардошта, рӯзи 2-юми январ дар бемор хона ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои манбаъ, дар содир намудани ҷинояти мазкур чаҳор нафар гумонбар дониста шуда, Беҳрӯз Шарифови 16-сола иқрор шудааст, ки маҳз ӯ ба Парвиз ду зарбаи корд задаст. «Гумонбаршудагони дигар – донишҷӯйи соли III-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шараф Давлатов, Фаррух Самиев ва Фирӯз Нарзуллоев мебошанд. Ба ҳамаи онҳо айбнома пешниҳод гардида, ба ҷуз ноболиғ, дигарон ба ҳабс гирифта шудаанд», – гуфт манбаъ.

Дар вазорат бори дигар таъкид сохтанд, ки ҷинояти мазкур ҷанбаи мазҳабӣ надорад. Инро се нафар дӯстони Парвиз, ки он шом ҳамроҳаш буданд, низ тасдиқ кардаанд. «Ҳеҷ ягон доду фарёди дорои ҷанбаи мазҳабӣ вуҷуд надошт. Парвиз, ки сарулибоси Бобои Барфӣ ба бар карда буд, бо ҷавонони маст гуфтушунид карда, он ба ҷанҷол табдил ёфт. Касе кордро гирифта, Парвизро захмӣ намуд», – гуфт яке аз дӯстон.

Онҳо ҳамчунин хабар додаанд, ки ҳамлагарон 25-30 нафар будаанд. Дар ВКД мегӯянд, 10-15 нафар шоҳиди ҳодиса будаанд.

«Аксари шоҳидон дар назди бино ҳузур дошта, Соли навро ҷашн мегирифтанд. Аммо бевосита дар содир намудани ҷиноят чор нафар иштирок кардаанд», – афзуданд дар ВКД.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.