Ташкили комиссияҳои ҳавзавӣ барои баргузории интихобот ба палатаи болоии парлумон

Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар ҳавзаҳои интихоботии вилояти Суғд № 2, вилояти Хатлон № 3 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ № 5 комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ ташкил карда шуданд. Ёдрас мекунем, ки маъракаи интихоботи аъзои палатаи болоии парлумони кишвар 25-уми феврали 2012 […]

Аваз Юлдошев


Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар ҳавзаҳои интихоботии вилояти Суғд № 2, вилояти Хатлон № 3 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ № 5 комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ ташкил карда шуданд.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи интихоботи аъзои палатаи болоии парлумони кишвар 25-уми феврали 2012 доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки 15-уми декабри соли 2011 дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости шахсии собиқ аъзои палата собиқ раиси шаҳри Истаравшан Муним Холиқов, ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров ва ноҳияи Панҷ Мирзодавлат Сабуров қонеъ гардонида шуда, ваколатҳои аъзои ММ МО ҶТ шахсони мазкур бекор карда шуд.

Ҳамин тариқ, аз 34 ҷой дар палатаи болоии парлумон 4 ҷой холӣ шуд. Нимаи соли гузашта бинобар даргузашти нобҳангоми раиси ноҳияи Тоҷикобод Махсум Фозилов ваколатҳои ӯ низ қатъ гардида буданд.

Вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ 25 нафар аъзои Маҷлиси миллиро интихоб намуда, 8 нафари дигар бо фармони президенти ҷумҳурӣ таъин карда мешаванд.

Ғайр аз ин, собиқ президентҳои Тоҷикистон ба якумрӣ аъзои Маҷлиси миллӣ будан ҳуқуқ доранд. Дар даъватии феълии Маҷлиси миллӣ собиқ президенти ҶТ Қаҳҳор Маҳкамов аз чунин ҳуқуқ бархӯрдор аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.