Тағйирот дар сохтори ҳукумат – занон мардонро иваз карданд

Дар ҳайати роҳбарии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ идома дорад. Ба вазифаи роҳбарӣ як зумра занон таъин карда шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, бо қарорҳои ҳукумат Шӯҳратҷон Раҳматбоев муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Манзура Маҳкамова муовини раиси кумитаи мазкур таъин […]

Аваз Юлдошев


Дар ҳайати роҳбарии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ идома дорад. Ба вазифаи роҳбарӣ як зумра занон таъин карда шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, бо қарорҳои ҳукумат Шӯҳратҷон Раҳматбоев муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Манзура Маҳкамова муовини раиси кумитаи мазкур таъин карда шуданд.

Ҳамчунин бо қарори ҳукумат бинобар бо сабаби ба кори дигар гузаштан муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Шукрулло Раҳимназаров аз вазифа озод гардида, ба ҷойи ӯ Ҷамила Саидова таъин гардид.

Марҳабо Алимова муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар, Елена Лашкарбекова муовини раиси ШСХК «Барқи тоҷик», Каромат Саидова муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, Татяна Холмуродова муовини сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумат ва Марҳабо Султонова муовини директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъин гардиданд.

Муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Сӯҳроб Валимадов, муовини директори КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Нозимшо Сарошоев, муовини сардори Хадамоти алоқа Қадамҷон Сафиев бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаашон озод карда шуданд. Қ.Сафиев мудири маркази иттилоотӣ-техникии дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин карда шуд.

Бо фармони сарвари давлат 10-уми январ Фатҳулло Бӯриев бинобар ба нафақа рафтанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод карда шуд. Самандар Бобоев иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи мазкур таъин гардид.

Ғайр аз ин, Субҳиддин Баҳриддинов муовини аввали директори Маркази миллии қонунгузории назди президент ва Барно Саидвалиева муовини директори маркази мазкур таъин карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.