Дар Кумитаи иҷроияи ИДМ лоиҳаи Созишнома оид ба табодули маълумот дар мубориза бо ҷинояткорӣ ба мувофиқа расид

              Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 9-10-уми декабр дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон, ки таҳияи тоза ва мувофиқасозии лоиҳаи Созишнома оид ба табодули маълумот дар мубориза бо ҷинояткории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ӯҳда доштанд, баргузор шуд. Дар ҷаласаи кумита доир ба лоиҳаи мазкур тавофуқ ҳосил шуд. […]

Баҳром Маннонов


 



           

Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 9-10-уми декабр дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон, ки таҳияи тоза ва мувофиқасозии лоиҳаи Созишнома оид ба табодули маълумот дар мубориза бо ҷинояткории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ӯҳда доштанд, баргузор шуд. Дар ҷаласаи кумита доир ба лоиҳаи мазкур тавофуқ ҳосил шуд.





           

Тавре корманди масъули хадамоти матбуотии кумита Мария Гутсало ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар созишнома мақомоти дахлдори кишварҳо ӯҳдадор шуданд, ки ҷиҳати пешгирӣ, ошкорсозӣ, ҷилавгирӣ кардан ва тафтишоти амалҳои ҷинояткорӣ ба ҳамдигар маълумоти зарурии мавҷударо таври ройгон пешниҳод хоҳанд кард.




           

Ба қавли ӯ, ҳамчунин роҳандозии табодули таҷриба оид ба коргузории идмиву техникӣ ва таҳияи асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ низ дар назар аст. «Роҳандозии ҳамкориҳо оид ба табодули таҷриба ва пешниҳоди маълумот тибқи қонунгузории мавҷудаи кишварҳо ва ӯҳдадориҳои байнулмилалии онҳо дар ин самт сурат хоҳад гирифт», – афзуд М.Гутсало.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.