Коршиносон тасдиқи Протоколи назорати риояи ҳуқуқи маҳбусонро аз ҷониби Тоҷикистон маъқул мешуморанд

Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» афсари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Паём Фурӯғӣ изҳор дошт, ки масъалаи тасдиқ нашудани Протоколи Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх дар бораи риояи ҳуқуқи маҳбусон – яке аз масъалаҳои ҳалнагардида оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои байнулмилалии Тоҷикистон дар соҳаи риояи ҳуқуқи инсон мебошад. Ба гуфтаи ӯ, […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» афсари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Паём Фурӯғӣ изҳор дошт, ки масъалаи тасдиқ нашудани Протоколи Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх дар бораи риояи ҳуқуқи маҳбусон – яке аз масъалаҳои ҳалнагардида оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои байнулмилалии Тоҷикистон дар соҳаи риояи ҳуқуқи инсон мебошад.




Ба гуфтаи ӯ, вазъи риояи ҳуқуқи маҳбусон дар Тоҷикистон дар муқоиса бо чанде аз кишварҳои ҳамсоя он қадр ташвишовар набошад ҳам, тасдиқи протоколи номбурда ба шаффофияту дастрасии бештар ба фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ ва бартараф сохтани озору шиканҷаҳои ҷойдошта мусоидат хоҳад кард.



Коршиноси байнулмилалӣ оид ба риояи ҳуқуқи инсон Лилия Захариева зикр кард, ки миёни кишврҳои минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо Қазоқистон ин протоколро тасдиқ кардааст. «Умедворам, ки кишварҳои дигари минтақа низ иқдоми Қазоқистонро пайгирӣ карда, ӯҳдадориҳои байнулмилалии худро дар соҳаи риояи ҳуқуқи инсон ба иҷро мерасонанд», – афзуд ӯ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.