Натиҷагирӣ аз фаъолият дар соли 2011 дар ҷаласаи васеи ҳукумати кишвар

Субҳи имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати кишвар  Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар маҷлиси васеъ роҳбарият ва аъзои ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, марказҳои татбиқи […]

ASIA-Plus


Субҳи имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати кишвар  Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар маҷлиси васеъ роҳбарият ва аъзои ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мактабҳои олӣ, бонкҳо ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доштанд. 

Дар маҷлис натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар соли 2011 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои соли равон муайяну мушаххас  мегарданд.

Дар оғози маҷлис оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2011 ҳисоботи Сарвазири кишвар Оқил Оқилов шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 30,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2010 5,4 миллиард зиёд аст. Афзоиши воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 7,4% расид. Ба буҷети давлатӣ бошад 8,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд. Таваррум ба 9,3% расид. Барои дастгирии бештари рушди соҳибкории хусусӣ 5,9 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо гардид, ки 49% он ба соҳибкорони истеҳсолӣ дода шудааст.

Сипас роҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисодӣ, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии омор, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ ва Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк шунида шуд. Таваҷҷуҳи махсус ба беҳсозии механизми ҳисоби маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, сатҳи таваррум, баҳисобгирии шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, иҷрои нақшаи тадбирҳо оид ба воридшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо, иҷрои босифати буҷет, фаъол намудани шабакаи ягонаи электронии миёни сохторҳои молия, андоз, гумрук ва Амонатбонк зоҳир карда шуд.

 Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар соли 2011 ҳаҷми пасандозҳои мардум 32,1% афзуда, шумораи пасандозгузорандагон танҳо дар Амонатбонк 110 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои мазкур доир ба беҳтар намудани фаъолияти онҳо супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки то охири семоҳаи якуми соли равон лоиҳаи Кодекси нави андоз ба ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Зимни ҳисоботи Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода ба роҳбарони сохторҳои марбута доир ба пурзўр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳо дар миёни наврасону ҷавонон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар ҳисоботи Раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта зимни 1335 тафтишу санҷиш ба андозаи 107,2 миллион сомонӣ зарари  молиявӣ   ошкор шуда, 75,5 миллиони он баргардонда шуд.

Сипас ҳисоботи роҳбарони Вазорати энергетика ва саноат, ШХСК Барқи Тоҷик, роҳбарони корхонаҳои бузурги саноатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои дахлдори давлатӣ дастур дод, ки барои соҳибкорони дохилию хориҷии истеҳсолӣ, ки технологияҳои муосир ворид сохта, ҷойҳои нави корӣ бунёд менамоянд, бо бартарафсозии монеаҳои бюрократӣ ва додани имтиёзҳо тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.