Дар Суғд олимпиадаи вилоятии толибилмон ҷамъбаст гардид

Рӯзҳои 10-15 – уми январи соли равон олимпиадаи вилоятии хонандагон аз фанҳои таълимӣ дар мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он аз 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд хонандагони синфҳои 10-11 иштирок намуданд. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар олимпиадаи вилоятӣ 696 нафар толибилмони лаёқатманд ширкат варзида, хонандагони синфи 11 […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои 10-15 – уми январи соли равон олимпиадаи вилоятии хонандагон аз фанҳои таълимӣ дар мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он аз 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд хонандагони синфҳои 10-11 иштирок намуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар олимпиадаи вилоятӣ 696 нафар толибилмони лаёқатманд ширкат варзида, хонандагони синфи 11 аз рӯи 18 фанҳои таълимӣ донишу маҳорати худро санҷиданд.

Дар натиҷа 50 нафар ба ҷойи якум,  38 нафар ба ҷойи дуюм, 37 нафар ба ҷойи сеюм сазовор гардида, ба давраи ҷумҳуриявии олимпиада роҳхат гирифтаанд. Ҳамчунин 69 нафар хонандагони синфҳои 10-11 барои иштироки фаъолона соҳиби ифтихорнома гардиданд.

Бояд гуфт, ки дар олимпиадаи имсола хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Хуҷанд, Б.Ғафуров, Истаравшан, Конибодом, Ҷ.Расулов ва мактаби президентии шаҳри Чкалов бештар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гаштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.