Боздошти корманди мақомоти андоз бо ҳудуди 8 кило героин

Кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Тоҷикистон дар канори шаҳри Душанбе як корманди мақомоти андози ҷумҳуриро бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати дар боло зикршуда Анварҷон Алиев хабар дод, дар пайи амалиёти доиргардида корманди 61-солаи Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ бо ҳудуди 2 […]

Наргис Ҳамробоева


Кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Тоҷикистон дар канори шаҳри Душанбе як корманди мақомоти андози ҷумҳуриро бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати дар боло зикршуда Анварҷон Алиев хабар дод, дар пайи амалиёти доиргардида корманди 61-солаи Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ бо ҳудуди 2 кило маводи мухаддири героин боздошт шудааст.

«Дар ҷараёни андешидани чораҳои фаврии минбаъда аз автомашинаи боздоштшуда боз беш аз 6 кило героин дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, худи ҳамон рӯз дар шаҳри Душанбе кормандони милиса шаҳрванд Д.Г.-и 39-соларо боздошт намуда, аз ӯ 4 килову 756 грамм маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира кардаанд.

Шурӯъ аз оғози сол аз ҷониби кормандони милиса аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 90 кило маводи нашъаовар мусодира гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 кило зиёдтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.