Омодагиҳо ба таҳияи асноди техникии қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳирот

Таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳирот, ки минбаъд Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистону Эронро ба ҳам мепайвандад,  бояд моҳи майи соли равон ба анҷом расад, – гуфт зимни нишасти хабарӣ муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов. Ба гуфтаи вай, айни замон мутахассисони ширкати «Метро» (Эрон) ба таҳияи тарҳи фанниву […]

Пайрав Чоршанбиев


Таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳирот, ки минбаъд Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистону Эронро ба ҳам мепайвандад,  бояд моҳи майи соли равон ба анҷом расад, – гуфт зимни нишасти хабарӣ муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов.

Ба гуфтаи вай, айни замон мутахассисони ширкати «Метро» (Эрон) ба таҳияи тарҳи фанниву иқтисодӣ машғул буда, ҳамроҳ бо мутахассисони тоҷик қитъаҳои роҳи оҳани пешбинишударо таҳқиқ менамоянд. «Тамоми асноди зарурӣ бояд моҳи май пешниҳод гардида, сипас муайян карда хоҳад шуд, ки хароҷоти маблағи пулӣ дар ин қитъаи роҳ ба чӣ миқдор баробар аст», – гуфт ӯ.

Собкалов гуфт, корҳои таҳияи асноди тарҳи фанниву иқтисодии қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳиротро Эрон маблағгузорӣ менамояд. Ёдрас мекунем, ки Эрон барои иҷрои ин корҳо ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА кӯмаки бебозгашт расонид.

Баъдтар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва ширкати эронии «Метро» дар бораи таҳияи лоиҳа асноди зарурӣ ба имзо расонида, он аз ҷонби палатаи поёнии парлумони кишвар тасдиқ гардид.

Масофаи қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳирот 392 километрро ташкил медиҳад. Қитъаи Ваҳдат-Қарамиқ (марзи Қирғизистон), ки 270 километрро ташкил медиҳад, мушкилтарин мавзеъ арзёбӣ мешавад.

Бо назардошти релефи маҳалли мазкур барои сохтмони як километри роҳи оҳан дар ин қитъа аз 8 то 10 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст. Ҳамчунин сохтмони 16 километр нақбҳо ва 47 пул низ пешбинӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.