БИР ба рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон 17,5 млн. $ ҷудо мекунад

Дар доираи амалисозии лоиҳа оид ба рушди фаъолияти макотиби таҳсилоти умумӣ Бонки исломии рушд ниятдорад, ки ба Тоҷикистон 17,5 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо намояд. Дар ин бора дар сомонаи расмии бонки мазкур хабар дода мешавад. Гуфта мешавад, ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи Шӯрои мудирони иҷрокунандаи бонк як қатор лоиҳаҳо оид ба рушди кишварҳои узв ва […]

ASIA-Plus


Дар доираи амалисозии лоиҳа оид ба рушди фаъолияти макотиби таҳсилоти умумӣ Бонки исломии рушд ниятдорад, ки ба Тоҷикистон 17,5 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо намояд. Дар ин бора дар сомонаи расмии бонки мазкур хабар дода мешавад.

Гуфта мешавад, ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи Шӯрои мудирони иҷрокунандаи бонк як қатор лоиҳаҳо оид ба рушди кишварҳои узв ва ҷамъиятҳои мусулмонии кишварҳои узв ба маблағи умумии 321,8 млн. доллари ИМА маъқул шуморида шудааст. Лоиҳа оид ба Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳост.

Бино ба маълумоти манбаъ, 140 млн. $ аз ин маблағи умумӣ барои рушди бахши энергетикаи Покистон, 30,7 млн. $ – барои рушди бахши тандурустӣ дар Уганда ва 32,3 млн. $ барои рушди бахши кишоварзӣ дар Миср пешбинӣ шудаанд.

Зикр мегардад, ки ҳамчунин лоиҳаҳо барои рушди соҳаҳои гуногуни ҷамъиятҳои мусулмонӣ дар Чин, Эфиопия, Ҳиндустон, Венесуэла, Филиппин ва Кипри Шимолӣ низ мавриди писанд қарор гирифтаанд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.