Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имсол арчаи солинавии пойтахт чун анъана дар майдони «Дӯстӣ» қомат хоҳад афрохт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳр – Шавкат Саидов хабар дод, соли равон чун солҳои қабл дар ин майдон шоу-чорабиниҳои анъанавии солинавӣ баргузор намешаванд ва ин ба татбиқи муқаррароти қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» марбут аст.
Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе – Маҳмадсаид Убайдуллоев, соли ҷорӣ гузаронидани шоу-чорабиниҳои анъанавии солинавӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт дар асоси муқаррароти қонуни ҷумҳурӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» манъ карда шудааст. Аз ин ба баъд дар майдони марказии шаҳр танҳо чорабиниҳои давлатӣ гузаронида мешаванд.
«Дар майдони «Дӯстӣ» танҳо гузаштҳои низомӣ ва намоишҳои идона бахшида ба идҳои давлатӣ, инчунин чорабиниҳо ба ифтихори ташрифи ҳайатҳои баландмақоми хориҷӣ ба Тоҷикистон доир мегарданд», – афзуд сарчашма.



