Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нашриёти «Дайк-пресс»-и шаҳри Алмаато зери таҳрири олими шарқшиноси қазоқ Сафар Абдулло китоби «Номгӯйи дастхатҳои форсӣ» ба табъ расид.
Тавре муаллифи китоб ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар китоб 112 дастхати маҳфуз дар Китобхонаи миллии Қазоқистон бори нахуст ба низом дароварда шуда, таърихи пайдоиш ва моҳияти илмии он мухтасар шарҳ дода шудааст.
Ба назари шарқшиносон, ба туфайли кӯшиши эроншиноси маъруф Сафар Абдулло бори нахуст дар таърихи Китобхонаи миллии Қазоқистон номгӯйи дастхатҳои форсӣ таҳия гаштааст. Дар тӯли фаъолияти пурсамари худ Сафар Абдулло солҳои ахир перомуни масоили шарқшиносӣ ва бахусус адабиёти форсу тоҷик мақолаҳои зиёд ва маҷмӯаҳои гуногуне таълиф намудааст. «Дар бораи як қатор дастхатҳое, ки дар китоби тозанашр ба табъ расидаанд, хонандагон умуман огаҳӣ надоштанд, зеро то ҳанӯз номгӯйи дастхатҳо дар китобхона низоми муайяне надошт», – гуфт муаллиф.
Дар ин робита китоби таълифнамудаи Сафар Абдулло дар ҳамдастӣ бо олими эронӣ С.М.Бақир барои омӯзиши дақиқи дастхатҳо аҳамияти хосса дошта, таваҷҷӯҳи муҳаққикону алоқамандонро ҷалб хоҳад сохт.



