Дар Теҳрон Рӯзҳои дӯстии Тоҷикистону Эрон оғоз гардиданд

            Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар пойтахти Эрон – шаҳри Теҳрон Рӯзҳои дӯстии Тоҷикистону Эрон оғоз гардиданд.             Тавре роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдуғаффор Абдуҷабборов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, иқдоми мазкур бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Эрон сурат гирифтааст. Ба ҳайати Тоҷикистон ҳунармандони маъруфу шинохта Ҷӯрабек Муродов, Қурбоналӣ Раҳмонов, Шӯҳрат […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар пойтахти Эрон – шаҳри Теҳрон Рӯзҳои дӯстии Тоҷикистону Эрон оғоз гардиданд.





           

Тавре роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Абдуғаффор Абдуҷабборов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, иқдоми мазкур бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Эрон сурат гирифтааст. Ба ҳайати Тоҷикистон ҳунармандони маъруфу шинохта Ҷӯрабек Муродов, Қурбоналӣ Раҳмонов, Шӯҳрат Сайнаков, шоирон Гулназар Келдӣ, Ҳақназар Ғойиб ва Нурмуҳаммад Ниёзӣ, рассомон Сайфиддин Шералиев ва Заур Дахте шомиланд. Рассомони тоҷик асарҳои худро дар намоишгоҳи мусаввараҳо таҳти унвони «Тоҷикистони имрӯза» ба маърази тамошо хоҳанд гузошт.




           

Ба қавли А.Абдуҷабборов, дар доираи ин чорабинӣ ҳамчунин намоишгоҳи ҳунармандони тоҷик, консерти устодони санъат ва шомҳои мулоқот бо адибони тоҷик баргузор хоҳанд гашт.




           

Ба иттилои манбаъ, Рӯзҳои дӯстии Тоҷикистону Эрон дар Теҳрон муддати чаҳор рӯз идома меёбанд. «Соли оянда дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз Рӯзҳои дӯстии Тоҷикистону Эрон дар Душанбе доир мешаванд», – афзуд сарчашма.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.