Коршиканони тоҷик дар Екатеринбург ба пардохти маош муваффақ шуданд, вале акнун ба онҳо бекорӣ таҳдид мекунад

Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Зиёда аз 120 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, ки тӯли ду ҳафта ба нишони эътироз ба пардохт нашудани маоши чандмоҳаашон аз тарафи корфармоён дар як иншооти сохтмоние дар шаҳри Екатеринбурги Русия даст ба корпартоӣ заданд, ахиран музди меҳнати 3-моҳаи худро гирифтанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» телефонӣ аз шаҳри […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Зиёда аз 120 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон, ки тӯли ду ҳафта ба нишони эътироз ба пардохт нашудани маоши чандмоҳаашон аз тарафи корфармоён дар як иншооти сохтмоние дар шаҳри Екатеринбурги Русия даст ба корпартоӣ заданд, ахиран музди меҳнати 3-моҳаи худро гирифтанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» телефонӣ аз шаҳри Екатеринбург иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Русия – Раҷабалӣ Ҳасанов хабар дод.




Ин дар ҳолест, ки ба иттилои оҷонсии хабарии «Урал-информ-бюро», сохтмончиёни тоҷик баъди пардохти қарз аз маош, бекор хоҳанд монд, зеро ки фармоишгари иншоот Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «СКА» шартномаи миёни худ ва ширкати пудратчии «Алфа-строй»-ро, ки ҳамватанони моро бо ҷойи кор таъмин карда буд, лағв кардааст.




 

Ба гуфтаи ҳуқуқшиноси ширкати «СКА» – Алексей Тихонов, ба сохтмончиён наздики 10 миллион рубл пардохт карда шуд. Дар идома ӯ чунин баён дошт: «Барои холӣ кардани иншооти сохтмонӣ аз корпартоён, мо маҷбур шудем худ маблағи қарзро ба сохтмончиён пардохт кунем, зеро «Алфа-строй» ин миқдор маблағро надорад. Масъулини ширкати пудратчӣ он миқдор маблағе, ки мо вақт аз вақт барои онҳо ҷудо мекардем, куҷо кардаанд, мо намедонем. Умедворем, ки имрӯз кормандони «Алфа-строй» иншоотро тарк мекунанд ва мо барои идомаи корҳои сохтмонӣ бо пудратчии дигар шарнома хохем баст».

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.