Миёни кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон сатҳи баландтарини афзоиши нархҳои истеъмолӣ ба қайд гирифта шуд

            Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта нархҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 30,7 дарсад афзудаанд, ки миёни кишварҳои узви ИДМ ин нишондиҳандаи баландтарин аст. Дар ин бора Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маълумот медиҳад.             Нишондиҳандаи мазкур дар кишварҳои дигари узви ИДМ […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта нархҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 30,7 дарсад афзудаанд, ки миёни кишварҳои узви ИДМ ин нишондиҳандаи баландтарин аст. Дар ин бора Кумитаи омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маълумот медиҳад.





           

Нишондиҳандаи мазкур дар кишварҳои дигари узви ИДМ тариқи зайл аст: Украина – 25,8, Қирғизистон – 25,7, Озарбойҷон – 21,6, Қазоқистон – 18,7, Белорус – 15, Русия – 14,2 ва Молдова – 13,8 дарсад. Мизони пасттарини афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар Гурҷистон (10,9дарсад) ва Арманистон – (9,6 дарсад) ба мушоҳида расидааст.




           

Қобили зикр аст, ки маълумоти Кумитаи омори ИДМ ба маълумоти мақомоти омори кишварҳо мутобиқат намекунад. Масалан, тибқи маълумоти мақомоти омори кишварҳо тайи 10 моҳи соли равон афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар Тоҷикистон – ҳамагӣ 13,1, Украина – 18, Қирғизистон – 16,6 ва Озарбойҷон – 15,7 дарсадро ташкил додааст.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.