Даъват ба муборизаи беамон бо коррупсия

            Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» –              Тавре мушовир оид ба робитаҳои хориҷии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Сафарбек Солиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дабири кулли СММ зикр кардааст, ки дигар ба низоми молиявӣ эътимоде намондааст, сатҳи вазифашиносӣ ва содиқияти бонкҳо зери шубҳа гузошта шуда, мардуми ҷаҳон аз пасандозҳое, ки тӯли солҳои зиёде […]

Баҳром Маннонов



           

Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – 



           

Тавре мушовир оид ба робитаҳои хориҷии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Сафарбек Солиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дабири кулли СММ зикр кардааст, ки дигар ба низоми молиявӣ эътимоде намондааст, сатҳи вазифашиносӣ ва содиқияти бонкҳо зери шубҳа гузошта шуда, мардуми ҷаҳон аз пасандозҳое, ки тӯли солҳои зиёде захира карда буданд, маҳрум шуданд.





           

Пан Ги Мун, таъкид сохтааст, ки дар мамолики дар ҳоли рушд қарордошта ҳамасола бар асари ришваву фасод садҳои миллиард доллар масраф мегарданд, ҳол он ки ин маблағҳо барои беҳбуд ва рушди зерсохтор, бахши тандурустӣ, маориф ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ бағоят заруранд. «Кишварҳо ба ин иллат имкон надоранд аҳолиро бо хизматрасониҳои заминавӣ таъмин сохта, ба иҷрои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ноил гарданд ва аз ин бармеояд, ки мардум аз истифодаи ҳуқуқҳои худ маҳрум мешавад», – гуфта мешавад дар паём.




           

Дабири кулли СММ ёдовар шудааст, ки тибқи муқаррароти Конвенсияи созмон оид ба мубориза бо коррупсия сирри бонкӣ дигар барои дарёфти дороиҳои дуздидашуда монеа буда наметавонад ва таъкид сохтааст, ки Раёсати СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ айни замон барои баргардонидани маблағҳои чанде аз кишварҳо фаъолона кӯмак мекунад. «Коррупсия ниҳодҳои демократияро заъиф сохта, ба волоияти қонун латма мезанад ва барои ҷинояткорон баҳри роҳандозии фаъолияти ҷиноряткорӣ шароит фароҳам месозад», – афзудааст дабири кулли СММ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.