Имрӯз дар Душанбе ба муносибати таҷлили Рӯзи байнулмилалии мубориза бо коррупсия нишасти хабарӣ доир мегардад

            Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии мубориза бо коррупсия таҷлил мегардад.             Тавре мушовир оид ба робитаҳои хориҷии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Сафарбек Солиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар робита ба ин имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи […]

Баҳром Маннонов



           

Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи байнулмилалии мубориза бо коррупсия таҷлил мегардад.





           

Тавре мушовир оид ба робитаҳои хориҷии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Сафарбек Солиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар робита ба ин имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди президенти ҷумҳурӣ ва Барномаи рушди СММ нишасти хабарӣ баргузор мешавад.



Ба қавли ӯ, дар нишасти хабарӣ бо гузориши мухтасар директори агентӣ Шерхон Салимзода ва намояндаи Барномаи рушди СММ Растислав Врбенски маърӯза хоҳанд кард. «Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ ва таваҷҷӯҳи ҷомеа ба ин масъала ва аҳамияти конвенсияи СММ дар мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб гузаронида мешавад», – гуфт сарчашма.



Манбаъ афзуд, ки тибқи қатъномаи СММ аз 31-уми декабри соли 2003, санаи 9-уми декабр ҳамчун Рӯзи байнулмилалии мубориза бо коррупсия муайян карда шуда, Ассамблеяи генералии СММ аз ҳамаи кишварҳо даъват ба амал овардааст, ки ин санадро тасдиқ созанд ва баҳри татбиқи фаъолонаи он мусоидат намоянд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.