Котибони Шӯрои амнияти СААД дар пойтахти Арманистон сарҷамъ меоянд

            Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирқул Азимов дар ҷаласаи навбатии Кумитаи котибони Шӯрои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастьаҷамъӣ, ки имрӯз дар пойтахти Арманистон – шаҳри Ереван доир мегардад, ширкат меварзад.             Тавре аз Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, котибони шӯрои амнияти созмон дар мулоқот масоили […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирқул Азимов дар ҷаласаи навбатии Кумитаи котибони Шӯрои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастьаҷамъӣ, ки имрӯз дар пойтахти Арманистон – шаҳри Ереван доир мегардад, ширкат меварзад.





           

Тавре аз Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, котибони шӯрои амнияти созмон дар мулоқот масоили мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддирро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.




           

Ба иттилои манбаъ, иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин атрофи мушкилоти мавҷудаи мубориза бо ин падидаҳои номатлуб, густаришу тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи амалиёти «Канал», пешгирӣ аз раванди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ташаккули нерӯву имконоти муштараки пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи кишварҳои узви созмон табодули назар хоҳанд кард.




           

Ёдрас мекунем, ки давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайати СААД шомиланд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.