Дар Кумитаи иҷроияи ИДМ лоиҳаи Созишнома оид ба табодули маълумот дар мубориза бо ҷинояткориро баррасӣ мекунанд

            Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 9-10-уми декабр дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон, ки таҳияи тоза ва мувофиқасозии лоиҳаи Созишнома оид ба табодули маълумот дар мубориза бо ҷинояткории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ӯҳда доштанд, баргузор мешавад.             Тавре корманди масъули хадамоти матбуотии кумита Мария Гутсало ба ОИ […]

Баҳром Маннонов



           

Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 9-10-уми декабр дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон, ки таҳияи тоза ва мувофиқасозии лоиҳаи Созишнома оид ба табодули маълумот дар мубориза бо ҷинояткории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ӯҳда доштанд, баргузор мешавад.





           

Тавре корманди масъули хадамоти матбуотии кумита Мария Гутсало ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар созишнома мақомоти дахлдори кишварҳо ӯҳдадор мешаванд, ки ҷиҳати пешгирӣ, ошкорсозӣ, ҷилавгирӣ кардан ва тафтишоти амалҳои ҷинояткорӣ ба ҳамдигар маълумоти зарурии мавҷударо таври ройгон пешниҳод хоҳанд кард.




           

Ба қавли ӯ, ҳамчунин роҳандозии табодули таҷриба оид ба коргузории идмиву техникӣ ва таҳияи асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ низ дар назар аст. «Роҳандозии ҳамкориҳо оид ба табодули таҷриба ва пешниҳоди маълумоти тибқи қонунгузории мавҷудаи кишварҳо ва ӯҳдадориҳои байнулмилалии онҳо дар ин самт сурат хоҳад гирифт», – афзуд М.Гутсало.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.