Таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон

Душанбе. 8-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз, 8-уми декабр мардуми мусалмони ҷумҳурӣ аз муҳимтарин иди мазҳабии худ – Иди Қурбон таҷлил мекунанд. Тавре аз Шӯрои уламои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соати 9-и субҳи имрӯз дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ намози ид шурӯъ мегардад. Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми […]

Виктория Наумова


Душанбе. 8-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз, 8-уми декабр мардуми мусалмони ҷумҳурӣ аз муҳимтарин иди мазҳабии худ – Иди Қурбон таҷлил мекунанд.




Тавре аз Шӯрои уламои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соати 9-и субҳи имрӯз дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ намози ид шурӯъ мегардад.



Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд. Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, гӯсфанд қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд. Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати Хонаи худоро ба ҷо меоранд.



Дар паёми табрикии худ ба мунсибаи таҷлили Иди Қурбон президенти мамлакат аҳамияти бузурги ин идро барои мардуми мусалмон таъкид карда, изҳор дошт, ки имсол беш аз 5 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ба Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара сафар карда, дар ин рӯзҳо маросими ҳаҷро адо карда истодаанд.



«Итминони комил дорам, ки онҳо баъди адои маросими ҳаҷҷи акбар бо дилу нияти пок ба Ватан баргашта, дар корҳои ободониву бунёдкории диёри худ, инчунин тарғиби одобу ахлоқи ҳамида ва рафтору кирдори шоиста, махсусан ҷавонон нақши арзанда мегузоранд», – гуфт сарвари давлат.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.