Нашри дубораи китоби Эмомалӣ Раҳмон дар Қоҳира

Моҳи январи соли 2012 дар нашриёти мисрии Дору-л-фикри-л-арабӣ дар шаҳри Қоҳира нашри дуюми китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони арабӣ дар 3 ҷилд ба табъ расид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доанд, нашри аввали китоб ҳанӯз соли 2009 дар нашриёти мазкур бо теъдоди 1500 нусха […]

ASIA-Plus


Моҳи январи соли 2012 дар нашриёти мисрии Дору-л-фикри-л-арабӣ дар шаҳри Қоҳира нашри дуюми китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони арабӣ дар 3 ҷилд ба табъ расид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доанд, нашри аввали китоб ҳанӯз соли 2009 дар нашриёти мазкур бо теъдоди 1500 нусха нашр шуда, маросими тақдими он дар ҳошияи саммити 15-уми давлатҳои адами тааҳҳуд дар Шармушшайх моҳи июли соли 2009 бо иштироки Сарвари Тоҷикистон Э. Раҳмон баргузор гардида буд.

Китоб аз ҷониби олимони шинохтаи Миср, устоди Донишгоҳи Айн Шамс доктор Макорим ал-Ғамрӣ (ҷилди 1) ва устоди Донишгоҳи Қоҳира доктор Абдулваҳҳоб Аллуб (ҷилди 2 ва 3) дар зери назари Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назруллоҳи Назар ба забони арабӣ тарҷума шудааст.

Шоистаи ёдоварист, ки тарҷума ва нашри сегонаи китоби Президент Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” ба забони арабӣ дар шиносонидани таърихи кӯҳан ва фарҳанги асили тоҷикон дар ҷаҳони араб дорои аҳамияти фавқулода мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.