Суғд: 20 соли зиндон барои қатли ҳамсари ҳомиладор

Чанде қабл ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноии сокини 24-солаи ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Аҳмадҷон Тӯхтаевро ба анҷом расонида, ӯро барои қатли бераҳмонаи зани ҳомиладораш ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Раиси мурофиаи судии мазкур, судяи суди вилоятӣ Муродбек Фозилбеков ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, […]

Мавлуда Рафиева


Чанде қабл ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноии сокини 24-солаи ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Аҳмадҷон Тӯхтаевро ба анҷом расонида, ӯро барои қатли бераҳмонаи зани ҳомиладораш ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Раиси мурофиаи судии мазкур, судяи суди вилоятӣ Муродбек Фозилбеков ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки А.Тӯхтаев дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 104, қ. 2 (Куштори зане, ки ҳомилагии ў барои гунаҳгор аён аст) ва 244, қ. 1 (Дуздӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста, ӯро ба 20 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд.

Судя зикр кард, ки санаи 29-уми октябри соли 2011 Тӯхтаев ҳамсари ҳомиладори худро барои бинобар ҷанҷолҳои оилавии зиёд дигар хоҳиши бо ӯ зистан надоштан, бо ресмон аз гулӯяш буғӣ мекунад. Зани фавтида дар батнаш тифли семоҳа дошт.

«Пас аз қатли бераҳмонаи ҳамсар Тӯхтаев аз сумкаи зан телефони ҳамроҳ ва 102 сомонӣ маблағи пулиро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад», – афзуд номбурда.

Зикр гардид, ки маҳкумшуда мӯҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш шадид адо хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.