Оғози фаъолияти созмони нави ҷавонон дар Суғд

Дар шаҳри Хуҷанд созмони нави ҷамъиятии ҷавонон бо номи «Ваҳдати ҷавонон» ба фаъолият шурӯъ кард. Раиси созмон Рустам Юсуфов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳадаф аз таъсиси созмон ноил гардидан ба коҳиши сатҳи камбизоатии аҳолӣ, боло бурдани мақоми ҷавонон дар ҷомеа ва рушди демократия дар кишвар аст. «Барои ноил гардидан ба […]

Мавлуда Рафиева


Дар шаҳри Хуҷанд созмони нави ҷамъиятии ҷавонон бо номи «Ваҳдати ҷавонон» ба фаъолият шурӯъ кард.

Раиси созмон Рустам Юсуфов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳадаф аз таъсиси созмон ноил гардидан ба коҳиши сатҳи камбизоатии аҳолӣ, боло бурдани мақоми ҷавонон дар ҷомеа ва рушди демократия дар кишвар аст.

«Барои ноил гардидан ба ҳадафҳо нақшаи стратегии рушд то соли 2015 таҳия гардида, дар чаҳорчӯби он амалисозии беш аз 200 барномаву лоиҳаҳо барои ҷавонони машғули кору таҳсил дар назар аст», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, амалисозии лоиҳаҳо аз ҳисоби маблағҳои бадастомада аз ҳаққи аъзогӣ, даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ, воситаҳои сарпарастон ва ҳамчунин фармоишҳои иҷтимоии мақомоти ҳокимияти давлатӣ сурат хоҳад гирифт.

«Созмон барои муколамаву ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои ҷавонон, мақомоти давлатӣ, доираҳои тиҷоратӣ ва ВАО, ки рушди ҳамаҷонибаи кишвари моро таъмин карда, ба ҷавонон дасти кӯмак дароз мекунанд, ҳамеша омода аст», – афзуд Юсуфов.

Бино ба маълумоти иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Муродҷон Раҳматов, айни замон дар вилоят 471 созмони ҷамъиятӣ амал мекунад. «Танҳо дар як соли гузашта 37 созмони нави ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуд», – гуфт номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.