Дар Тоҷикистон имсол дар майдони 210 ҳазор га пунбадона кишт мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 6 ҳазор гектар зиёдтар мебошад.
Дар нишасти хабарӣ муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сиҷоуддин Исроилов изҳор кард, ки бо назардошти аз ҳар гекар ба даст овардани 20 сентнерӣ ҳосил, соли равон ҷамъоварии беш аз 400 ҳазор тонна пахта пешбинӣ шудааст.
Ӯ хотирррасон намуд, ки соли гузашта пунбадона дар майдони 204 ҳазор гектар кишт шуда буд, ки нисбат ба соли 2010 41,6 ҳазор гектар бештар буд. «Соли гузашта кишоварзони ҷумҳурӣ беш аз 415 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, нақша 6,2% барзиёд иҷро ва бори нахуст дар давоми 20 соли истиқлолият аз ҳар як гектар 20,5 сентнер ҳосил ба даст оварда шуд», – гуфт вай.
Муовини вазири кишоварзӣ зикр кард, ки аз ҳаҷми умумии ҳосили соли гузашта ҷамъоваришуда ҳамагӣ ҳудуди 6 ҳазор тоннаашро пахтаи маҳиннах ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, дар шарҳи сабаби коҳиш ёфтани содироти нахи пахта дар соли гузашта нисбат ба соли 2010, Исроилов иброз дошт, ки ин пеш аз ҳама ба нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ вобаста аст.
«Тирамоҳи соли гузашта арзиши нахи пахта як қадре коҳиш ёфт ва дар робита ба ин, истеҳсолкунандагон ба фурӯши он шитоб накарданд, – гуфт ӯ. – Имрӯз бошад, нархҳо тадриҷан боло мераванд. Аз охири тирамоҳи соли гузашта арзиши нахи пахта аз 1,5 ҳазор $ қариб то 1,9 ҳазор $ барои як тонна боло рафтанд. Аз ҳама муҳимаш маҳсулот мавҷуд аст, фурӯхтани он бошад, тамоми вақт имконпазир хоҳад шуд».
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта ҳаҷми содироти нахи пахта ба андозаи 1,1 коҳиш ёфтааст.