Вохӯрии вазирони маорифи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тошканд

Як ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти сарварии вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов дар шаҳри Тошканд қарор дошта, дар кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Омодасозии насли бомаърифат ва аз ҷиҳати зеҳнӣ ташаккулёфта ҳамчун шарти муҳими рушди устувор ва таҷдиди кишвар» ширкат меварзанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҳошияи […]

Аваз Юлдошев


Як ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти сарварии вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов дар шаҳри Тошканд қарор дошта, дар кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Омодасозии насли бомаърифат ва аз ҷиҳати зеҳнӣ ташаккулёфта ҳамчун шарти муҳими рушди устувор ва таҷдиди кишвар» ширкат меварзанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҳошияи кори конфронс вохӯрии вазирони маорифи Тоҷикистону Ӯзбекистон Нуриддин Саидов ва ҳамтои ӯзбеки ӯ Темир Ширинов доир гардида, зимни мулоқот ҷонибҳо бобати низоми амалкунандаи маорифи кишварҳо ва дурнамои роҳандозии ҳамкории пурсамар миёни муассисаҳои таълимӣ табодули афкор намуданд.

«Чанде қабл ҳайати Тоҷикистон бо фаъолияти як қатор муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва махсуси шаҳри Тошканд аз наздик ошно гардид. Ҳайат бо фаъолияти Коллеҷи геодезия ва харитасозӣ, Коллеҷи технологияҳои иттилоотӣ, Коллеҷи алоқаи Тошканд, якчанд мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва Литсейи махсуси ҷумҳуриявии мусиқиву академии ба номи Владимир Успенский шинос шуд», – гуфт манбаъ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

Таъсиси фонду додани унвон ва бо як чашм дидани расонаҳо. Ҳамовозиву пешниҳоди рӯзноманигорон ба мактуби Зафар Саидзода ба Эмомалӣ Раҳмон

Вазъияти расонаҳо дар майдони баҳс: “набояд ислоҳоти соҳаро ба мавқуф гузорем, то ба амнияти миллӣ хатар эҷод нашавад”.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова