Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ

Чанде қабл  мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Юлдошев бо Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ, Аълоҳазрат амир Абдулазиз ибни Абдулло ибни Абдулазиз Ал Сауд доир гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ […]


Чанде қабл  мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Юлдошев бо Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ, Аълоҳазрат амир Абдулазиз ибни Абдулло ибни Абдулазиз Ал Сауд доир гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ табодули назар карданд.

Омодагӣ ба имзо расонидани як қатор санадҳои дуҷониба, ки дар навбати худ нуктаи муҳиме дар масъалаи созмондиҳии мулоқоти ҷонибҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар сатҳи болотар мебошад, қайд гардид.

Сафири тоҷик А. Юлдошев ба Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ даъватномаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистонро ба номи Вазири корҳои хориҷии Мамлакати Арабистони Саудӣ ҷиҳати иштирок дар Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (26-27 марти соли 2012, Душанбе) тақдим намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.