Ярмарка-фурӯши ниҳолҳо дар Тоҷикистон

Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзиро доир месозад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, чунин ярмаркаҳо дар тамоми минтақаҳои кишвар гузаронида мешаванд. Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои истироҳати […]


Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзиро доир месозад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, чунин ярмаркаҳо дар тамоми минтақаҳои кишвар гузаронида мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои истироҳати наздик дар бозорҳои «Панҷшер», «Ганҷина» ва «Саховат»-и шаҳри Душанбе фурӯши ниҳолҳои дорои сертификати сифат барпо мешавад.

Тибқи маълумоти КВД «Тоҷикниҳолпарвар», боғпарварони ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Бохтар навъҳои беҳтарини ниҳолҳои себ ва дигар дарахтони мевадорро пешкаш хоҳанд кард. Аз ҷониби хоҷагиҳои боғдории ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Варзоб ва Нуробод ниҳолҳои дарахтони ороишӣ пешниҳод мегарданд.

Дар Вазорати кишоварзӣ зикр карданд, ки имрӯз дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ярмарка-фурӯши ниҳолҳои дарахтон доир гардида, рӯзи 26-уми феврал чунин чорабинӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.