Кореягиҳо дар Помир нерӯгоҳи барқӣ месозанд

Ширкатҳои «Dohwa  Engineering» ва «Есосеан»-и Кореяи Ҷанубӣ дар ҳамдастӣ бо ширкати «Pamir Energy» дар деҳаи Мотравни ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба сохтмони нерӯгоҳи хурди барқии насли нав бо иқтидори 300 кВт оғоз намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти ширкати «Pamir Energy» Абдулло Амонбеков хабар дод, нерӯгоҳи мазкур аз рӯйи технологияҳои навтарини муосир сохта хоҳад […]


Ширкатҳои «Dohwa  Engineering» ва «Есосеан»-и Кореяи Ҷанубӣ дар ҳамдастӣ бо ширкати «Pamir Energy» дар деҳаи Мотравни ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба сохтмони нерӯгоҳи хурди барқии насли нав бо иқтидори 300 кВт оғоз намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти ширкати «Pamir Energy» Абдулло Амонбеков хабар дод, нерӯгоҳи мазкур аз рӯйи технологияҳои навтарини муосир сохта хоҳад шуд.

«Ин нерӯгоҳе хоҳад буд, ки канали дериватсионӣ ё худ нақби обгузар надорад ва бинои нерӯгоҳу тамоми таҷҳизот мустақиман дар болои дарё ҷойгир карда хоҳанд шуд», – гуфт вай.

Ба гуфтаи А.Амонбеков, муҳлати анҷоми сохтмони нерӯгоҳи хурди барқии нав дар рӯдхонаи Язғулом дар муддати 6 моҳ ба нақша гирифта шудааст. «Иншооти мазкур эҳтиёҷоти беш аз 180 нафар сокинони деҳаи Мотравн ба нерӯи барқро беҳтар таъмин сохта, аз ҳисоби воситаҳои бурсии ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ бунёд мегардад», – иброз дошт ӯ.

А.Амонбеков мегӯяд, тамоми таҷҳизоти нерӯгоҳ бевосита аз Кореяи Ҷанубӣ оварда шуда, дар давоми сохтмони муштарак бо мутахассисони кореягӣ барои сокинони маҳаллӣ 20 ҷойи нави корӣ фароҳам хоҳад шуд. «Дар робита ба оғози корҳои сохтмони нерӯгоҳ чанде қабл дар шаҳри Хоруғ ширкати «Dohwa  Engineering» намояндагии худ – Маркази идораи лоиҳа ва корҳои машваратиро боз намуд», – гуфт номбурда.

Ӯ хотирррасон намуд, ки қарори сохтмони нерӯгоҳи хурди барқӣ дар деҳаи Мотравни ноҳияи Ванҷ соли гузашта зимни вохӯрии вазири энергетика ва саноти Тоҷикистон Гул Шералӣ бо мақомоти раҳбарии Агентии ҳамкории байнулмилалии Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ (KOICA) қабул шуда буд.

Қобили зикр аст, ки «Pamir Energy» лоиҳаи муштараки ҳукумати Тоҷикистон, Созмони Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED), Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) ва Агентии Швейтсария оид ба рушди байнулмилалӣ буда, арзиши умумии лоиҳа ҳудуди 26,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 10 млн. доллари ИМА ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон аст. Қарордод ба мудати 25 сол ба имзо расида, бо анҷоми он нерӯгоҳ ба моликияти Тоҷикистон мегузарад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.