Дар Кӯлоб гӯшти гӯсфанд гарон шуд

Дар бозорҳои шаҳри Кӯлоб қимати гӯшти гӯсфанд якбора ба андозаи 10% боло рафт. Ба гуфтаи харидорон, айни замон дар Кӯлоб арзиши як кило гӯшти гусфанд ба 32 сомонӣ баробар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки тайи ду моҳи ахир арзиши он 29-30 сомониро ташкил медод. Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» фурӯшандагони гӯшти гӯсфанд […]

Турко Дикаев


Дар бозорҳои шаҳри Кӯлоб қимати гӯшти гӯсфанд якбора ба андозаи 10% боло рафт.

Ба гуфтаи харидорон, айни замон дар Кӯлоб арзиши як кило гӯшти гусфанд ба 32 сомонӣ баробар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки тайи ду моҳи ахир арзиши он 29-30 сомониро ташкил медод.

Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» фурӯшандагони гӯшти гӯсфанд болоравии нархро ба камчин будани гӯсфанд дар фасли зимистон нисбат доданд. «Дар ноҳияҳои кӯҳистон зимистонгузаронии чорво идома дошта, мо молро аз маҳаллаҳои аҳолинишини наздишаҳрӣ мегирем ва онҳо молашонро ба нархи гарон мефурӯшанд», – гуфтанд онҳо.

Дар ҳамин ҳол, арзиши гӯшти гов ба ҳамин андоза поин рафт. Агар қаблан як кило гӯшти гов 27-28 сомонӣ нарх дошт, феълан онро метавон бо 25-26 сомонӣ дастрас намуд.

Дар баробари ин, дар бозорҳои шаҳри Кӯлоб арзиши тамоми маводи ғизоӣ ба миқдори 3-5% боло рафт. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.