Баррасии масоили ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Украина

Зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо вазири фарҳанги ин кишвар Михаил Кулиняк дар шаҳри Киев масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши фарҳанг баррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Украина, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳо миёни ташкилотҳои эҷодӣ, тавсеаи робитаҳо байни намояндагони ҳунару фарҳанги кишварҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир […]

Виктория Наумова


Зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо вазири фарҳанги ин кишвар Михаил Кулиняк дар шаҳри Киев масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши фарҳанг баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Украина, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳо миёни ташкилотҳои эҷодӣ, тавсеаи робитаҳо байни намояндагони ҳунару фарҳанги кишварҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.

Ҷонибҳо амалисозии қарордодҳоеро, ки зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қисмати соли равон баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Украина ва Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон ба имзо расида буданд, муҳим арзёбӣ карданд.

Дар фарҷоми мулоқот сафири Тоҷикистон вазири фарҳанги Украинаро ба таҷлили ҷашни Наврӯз, ки сафорат дар ҳамдастӣ бо сафоратҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Ироқ, Туркия ва дигар кишварҳои минтақа доир менамояд, даъват намуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.