Мусодираи ҳудуди 15 кило ҳашиш дар ноҳияи Панҷ

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон боз як роҳи интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистонро қатъ карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур хабар доданд, зимни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар ноҳияи Панҷ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сокини 47-солаи ҳамин ноҳия, ки қаблан тибқи моддаи 195-КҶ ҶТ (Ғайриқонунӣ харидан, […]

Виктория Наумова


Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон боз як роҳи интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистонро қатъ карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур хабар доданд, зимни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар ноҳияи Панҷ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сокини 47-солаи ҳамин ноҳия, ки қаблан тибқи моддаи 195-КҶ ҶТ (Ғайриқонунӣ харидан, ба каси дигар доданд, фурӯхтан ва нигоҳдории яроқ) маҳкум шудааст ва ҳамроҳаш донишҷӯйи 19-солаи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, сокини ҳамин ноҳияро боздошт намуданд. «Зимни кофтукови онҳо 15 бастаи селлофании дорои ҳудуди 15 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфтанд дар агентӣ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Айни замон ҷиҳати муайян кардани дигар ашхоси дар ин ҷиноят дастдошта аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон чораҳо андешида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...