Ҳалокати як тоҷикистонӣ бар асари сӯхтор дар вилояти Маскав

Date:


Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳраки Горки-25-и вилояти Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон бар асари сӯхтор ба ҳалокат расид.

Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав, Р.Мавлододови 19-сола дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, чанде қабл боз як шаҳрванди Тоҷимкистон – сокини 18-солаи шаҳри Турсунзода Илҳомҷон Мирзокаримов фавтидааст. Дар бораи сабабҳои марги Мирзокаримов маълумот дода намешавад. Ҷисми фавтида ба ватан фиристода шудааст.

Қаблан Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи марги ду сокини шаҳри Хуҷанд Хуршед Пӯлодови 20-сола ва Хурсанд Ҷумъабоеви 21-сола дар шахри Маскав хабар дода буд. Онҳо дар дохили автомашина аз газ заҳролуд шудаанд.

Ҳамчунин дар шаҳри Обнински Русия бар асари ҷанҷол миёни шаҳрвандони Тоҷикистон як нафар кушта шудааст. Коргари корхонаи «Самсунг» Рустам Шарифов, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Душанбе аз захмҳои корд фавтидааст. Ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрванди Тоҷикистон Фаррух Абдуллоев боздошт шуда, тафтишот идома дорад. Ҳалокшуда ҳамсару ду духтар дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...