Ҳалокати як тоҷикистонӣ бар асари сӯхтор дар вилояти Маскав

Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳраки Горки-25-и вилояти Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон бар асари сӯхтор ба ҳалокат расид. Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав, Р.Мавлододови 19-сола дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Гуфта мешавад, чанде қабл боз як шаҳрванди Тоҷимкистон – сокини 18-солаи шаҳри Турсунзода Илҳомҷон Мирзокаримов фавтидааст. Дар бораи сабабҳои марги Мирзокаримов маълумот дода […]

Пайрав Чоршанбиев


Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳраки Горки-25-и вилояти Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон бар асари сӯхтор ба ҳалокат расид.

Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав, Р.Мавлододови 19-сола дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, чанде қабл боз як шаҳрванди Тоҷимкистон – сокини 18-солаи шаҳри Турсунзода Илҳомҷон Мирзокаримов фавтидааст. Дар бораи сабабҳои марги Мирзокаримов маълумот дода намешавад. Ҷисми фавтида ба ватан фиристода шудааст.

Қаблан Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар бораи марги ду сокини шаҳри Хуҷанд Хуршед Пӯлодови 20-сола ва Хурсанд Ҷумъабоеви 21-сола дар шахри Маскав хабар дода буд. Онҳо дар дохили автомашина аз газ заҳролуд шудаанд.

Ҳамчунин дар шаҳри Обнински Русия бар асари ҷанҷол миёни шаҳрвандони Тоҷикистон як нафар кушта шудааст. Коргари корхонаи «Самсунг» Рустам Шарифов, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Душанбе аз захмҳои корд фавтидааст. Ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрванди Тоҷикистон Фаррух Абдуллоев боздошт шуда, тафтишот идома дорад. Ҳалокшуда ҳамсару ду духтар дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.