Даъвати Жириновский бобати ба яке аз ноҳияҳои Новосибирск табдил шудани Тоҷикистон

Номзад ба президенти Русия, раиси Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод кард, ки ба ҳайти Русия баргарданд. «Ман ҷонибдори онам, ки қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба кор дар Русия қатъ карда шавад. Комилан. Ва то 1-уми июл бояд ҳама қаламрави Русияро тарк созанд», – гуфтааст ӯ дар мусоҳиба ба шабакаи […]

ASIA-Plus


Номзад ба президенти Русия, раиси Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод кард, ки ба ҳайти Русия баргарданд.

«Ман ҷонибдори онам, ки қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба кор дар Русия қатъ карда шавад. Комилан. Ва то 1-уми июл бояд ҳама қаламрави Русияро тарк созанд», – гуфтааст ӯ дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии «Мир».

Дар посух ба суоли рӯзноманигор оид ба бад шудани муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва Тоҷикистон, Жириновский посухи манфӣ дода, изҳор кардааст, ки «агар онҳо ба ҳайти Русия ворид шуданӣ бошанд, марҳамат, ҳеҷ Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) лозим нест. «Масалан, ноҳияи Душанбеи вилояти Новосибирск ё ноҳияи Бишкеки вилояти Омск, онҳо ҳамчун ҳавзаи осиёимиёнагии федеративӣ вуҷуд хоҳанд дошт», – гуфтааст ӯ.

«Агар онҳо як қисмати Русия шаванд, мо ба онҳо фармоишҳо пешниҳод мекунем ва ба Маскав рафтан лозим намеояд. Мо дар он ҷо ҳама чизи истеҳсолкардаи онҳо, аз ҷумла пашм, гӯшт ва меваҳоро мехарем», – иброз доштааст вай.

Номбурда бо назардошти пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ афзудааст, ки «ин гуноҳи Елтсин буд ва онро мебояд ислоҳ кард». «Аз ин рӯ, ба ҳайати Русия даъват мекунам», – илова кардааст Жириновский.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.