Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ИА-ро ба зарурати ҳамроҳшавии ҷумҳурӣ ба СУС ҷалб кард

Чанде қабл дар чаҳорчӯби сафари худ ба Брюссел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Муовини Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти беруна хонум Ҳелга Шмид вохӯрӣ намуд. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат ҷонибҳо оид ба масоили марбут ба амният табодули назар карданд. Худи ҳамон рӯз дар бинои […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар чаҳорчӯби сафари худ ба Брюссел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Муовини Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти беруна хонум Ҳелга Шмид вохӯрӣ намуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат ҷонибҳо оид ба масоили марбут ба амният табодули назар карданд.

Худи ҳамон рӯз дар бинои Шӯрои Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел ҷаласаи Шӯрои ҳамкории миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори нишаст ҳайати Тоҷикистон зери роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ширкат варзид. Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Вазири корҳои хориҷии Дания Вилли Совндал сарварӣ кард. Боиси зикр аст, ки ҳоло Дания дар Иттиҳоди Аврупо раисӣ дорад.

 Шӯрои ҳамкорӣ таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон доир гардид.

Рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, масоили сиёсӣ, аз ҷумла ислоҳоти дохилӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, мавзӯи об ва муҳити зист, инчунин проблемаҳои байналмилалӣ ва минтақавиро дар бар гирифт.

 Зимни Шӯрои ҳамкорӣ ҷонибҳо рафти рушди ҳамкории миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, пешравии бадастомада, инчунин иқдомҳои оянда оид ба тавсеаи минбаъдаи муносибатҳоро муфассал баррасӣ намуданд. Ҳамчунин самтҳои асосии ҳамкорӣ, амалисозии лоиҳаҳо ва барномаҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ҳолати муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва масоили байналмилалӣ матраҳ гардиданд.

 Ҳайати Тоҷикистон таваҷҷӯҳи Иттиҳоди Аврупоро ба зарурати анҷоми ҳарчи зудтари раванди гуфтушунид дар бобати ҳамроҳшавии ҷумҳурӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ҷалб кард.

 Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Дания сурат гирифт. Дар нишасти матбуотӣ вазирони корҳои хориҷӣ аз натиҷаҳои ҷаласаи барпошуда изҳори қаноатмандӣ намуда, барои идома додани ҳамкории созанда ва мутақобилан судманд ҳавасмандии худро тасдиқ карданд.

Шоми 27 феврал Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳисоботи презентатсионӣ дар Донишкадаи аврупоии муносибатҳои байналхалқӣ – Академияи дипломатии аврупоӣ баромад намуд. Зимни суханронии худ дар назди ҳозирин – шунавандагон, аспирантон, ҳайати устодон, корпуси дипломатӣ, намояндагони воломақоми Иттиҳоди Аврупо ва СААШ (Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ), Ҳамрохон Зарифӣ ҷамъомадагонро бо таърих, сохтори давлатӣ, дигаргуниҳои демократӣ, захираҳои табиӣ, иқтидори гидроэнергетикӣ ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно сохт.

Дар охири презентатсия Вазири корҳои хориҷӣ бо иштирокчиёни чорабинии мазкур сӯҳбат орост.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.