Афғонистон аз мавқеи созандаи Тоҷикистон нисбат ба масоили кишвараш истиқбол мекунад

Чанде қабл дар шаҳри Кобул вохӯрии Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷовид Лудин баргузор гашт. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон табодули назар сурат гирифт.  Сипас масъалаҳои омодагӣ ба Панҷумин Конфронси ҳамкориҳои […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар шаҳри Кобул вохӯрии Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷовид Лудин баргузор гашт.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон табодули назар сурат гирифт.

 Сипас масъалаҳои омодагӣ ба Панҷумин Конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA V), ки дар таърихи 26-27 марти соли 2012 дар Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 Вобаста ба ин, Н. Зоҳидов иброз дошт, ки ҷониби Тоҷикистон бо дастгирии коршиносони афғонистонӣ корҳои омодагиро барои дар сатҳи баланд баргузор намудани конфронс идома дода, умедвори он аст, ки натиҷаҳои он барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва таҷдиди иқтисоди Афғонистон мусоидат хоҳанд кард. Дар ин замина ӯ роҳандозӣ намудани як қатор лоиҳаҳои минтақавии инфрасохториро муҳим арзёбӣ намуд.

 Ҷовид Лудин аз мавқеи созандаи Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои вобаста ба Афғонистон, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои хислати минтақавидошта истиқбол карда, таъкид сохт, ки дар ин замина ҳамкории байни Афғонистону Тоҷикистон тақвияти бештар хоҳад дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.