Ҳалокати 8 нафар бар асари садамаи нақлиёт дар Суғд

Бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Суғд 8 нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар километри 125-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чанак ронандаи автомашинаи навъи «Опел Астра» Фурқат Элмуродови 27-сола аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба дарёи Фондарё меафтад. «Ронанда ва се мусофири он […]

Виктория Наумова


Бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Суғд 8 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар километри 125-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чанак ронандаи автомашинаи навъи «Опел Астра» Фурқат Элмуродови 27-сола аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба дарёи Фондарё меафтад. «Ронанда ва се мусофири он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ҷасади яке аз мусофирон то ҳанӯз дарёфт нашудааст», – гуфтанд дар ВКД.

Ба иттилои манбаъ, боз як садамаи нақлиёт дар километри 51-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Мастчоҳ рух дода, бар асари фаромадани санг автомашинаи сабукрави ВАЗ-21011 ба ҷарии 300 метр сарозер рафтааст. «Дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ронанда ва се мусофири он ба ҳалокат расиданд», – афзуд манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.