Душанбе. 4-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Шаби гузашта баъди ҷароҳии вазнин дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе, сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – подполковник – Абдурасул Шарифов аз олам даргузашт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти гумруки кишвар хабар доданд, роҳбари 60-солаи маркази матбуотии ин ниҳодро, шаби 25-ум ба 26-уми ноябр дар маҳаллаи 82-юми пойтахт ронандаи як сабукрави навъи ВАЗ пахш намуд. Абдурасул Шарифов бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон интиқол дода шуд. То охири соатҳои умраш марҳум дар ҳоли беҳушӣ қарор дошт.
Ба гуфтаи манбаъ, ҷабрдида аз тарафи ронандаи воситаи нақлиёт ба беморхона расонида шуд. Абдурасул Шарифов имрӯз дар зодгоҳаш – ноҳияи Данғара ба хок супурда мешавад.


