Прокуратураи генералӣ: Шиканҷа дар Тоҷикистон хусусияти оммавӣ надорад

Зимни нишасти матбуотӣ муовини прокурори генералии ҶТ Абдуқодир Муҳаммадиев изҳор кард, ки ҳолатҳои истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон хусусияти оммавӣ надошта, ҳукумати кишвар ҷиҳати пешгирии он мунтазам тадбирҳо меандешад. Ба гуфтаи ӯ, рақамҳои оморӣ низ гувоҳи гуфтаҳои болоянд, зеро соли 2010 ба мақомоти прокуратура 48 арзу шикоят дар бораи истифодаи шиканҷа ворид шудааст, ки танҳо 10 […]

Наргис Ҳамробоева


Зимни нишасти матбуотӣ муовини прокурори генералии ҶТ Абдуқодир Муҳаммадиев изҳор кард, ки ҳолатҳои истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон хусусияти оммавӣ надошта, ҳукумати кишвар ҷиҳати пешгирии он мунтазам тадбирҳо меандешад.

Ба гуфтаи ӯ, рақамҳои оморӣ низ гувоҳи гуфтаҳои болоянд, зеро соли 2010 ба мақомоти прокуратура 48 арзу шикоят дар бораи истифодаи шиканҷа ворид шудааст, ки танҳо 10 ҳолати он пас аз тафтишоти дахлдор тасдиқ гардидаанд.

«Соли гузашта бошад, 26 арзу шикоят дар хусуси истифодаи шиканҷа ворид гардида, 5 ҳолати он тасдиқ шуданд ва мутобиқи панҷ ҳодиса парванда ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол шудааст», – гуфт вай.

Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон пас аз баррасии муроҷиати шаш нафар шаҳрвандони маҳкумшудаи Тоҷикистон, аз ҷумла Садриддин Тошев ва Бадриддин Сангов, ҷонибдорони полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев дар хусуси гӯё нисбат ба онҳо истифода шудани шиканҷа ҳангоми тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ ва ҳамчунин дар муассисаи ислоҳотӣ, далелҳои онҳоро беасос хонда, бо қарори худ баррасии минбаъдаи онҳоро қатъ сохт.

Дар ҳамин ҳол, ҳомиёни дифоъ аз ҳуқуқ бар ин назаранд, ки истифодаи шиканҷа дар Тоҷикистон чун пештара мушкилоти доимӣ боқӣ мемонад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.