Панҷ кони тилову нуқраи Тоҷикистон интизори сармоягузоранд

Панҷ кони тилову нуқраи Тоҷикистон ба қабули сармоягузорон ҷиҳати баргузории корҳои иктишофӣ ва истихроҷ омодаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим хабар дод, ба рӯйхати конҳои ниёзманд ба сармоягузорӣ кони Мосриф, «Чоре», «Икар» ва ҳамчунин конҳои чанде қабл кашфшудаи тилову нуқраи «Чулбуе» ва «Мирханд» шомил мебошанд. «Ғайр аз ин, […]

Заррина Эргашева


Панҷ кони тилову нуқраи Тоҷикистон ба қабули сармоягузорон ҷиҳати баргузории корҳои иктишофӣ ва истихроҷ омодаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим хабар дод, ба рӯйхати конҳои ниёзманд ба сармоягузорӣ кони Мосриф, «Чоре», «Икар» ва ҳамчунин конҳои чанде қабл кашфшудаи тилову нуқраи «Чулбуе» ва «Мирханд» шомил мебошанд.

«Ғайр аз ин, оид ба кашфу ифтитоҳи навъи нави тилои генетикӣ корҳои таҳқиқотӣ идома доранд. Мо боварӣ ҳосил кардем, ки захираҳои ин навъи тило мавҷуд аст, вале методикаи кори қаблан дар ин самт доиргардида моро қонеъ накард. Аз ин рӯ, қарор додем, ки аз он даст кашем. Умедворем, ки минбаъд он натиҷаҳои назаррас хоҳад дод», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи нав таҳия гардида, ба шӯрои илмӣ-техникӣ пешниҳод хохад шуд. «Чунин навъи захираҳои тило дар Панҷакент, Ҳисор, Қаратоғ, Лучоб, Варзоб, Дарвоз мавҷуд буда, онҳо ба харитаи геологӣ ворид карда шудаанд ва ба геологҳо дозим аст, ки мавҷуд будан  тилои саноатӣ дар ин мавзеъҳоро исбот намоянд.

Дар Тоҷикистон ҳашт корхонаи истихроҷи тило фаъолият мекунад, ки бузургтарини он КМ «Зарафшон» (шимоли ҷумҳурӣ)-и Тоҷикистону Чин, КМ «Апрелевка» (шимоли кишвар) ва Корхонаи давлатии истихроҷи тило «Тилои тоҷик» (ҷануби ҷумҳурӣ) мебошад. Ҳамасола дар Тоҷикистон ҳудуди ду тонна тило истихроҷ мегардад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.